Чорабиниҳои зиддинашъамандӣ дар Исфараву Конибодом

Сентябрь 24, 2014 17:21

Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-   Рӯзҳои 22 ва 23 сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Конибодом фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии истеъмоли маводи нашъадор оид ба татбиқи амалии «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 — 2020» санҷиш гузаронида шуд.
Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъадор хабар доданд.
Гарчанде ки сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии минтақаҳои мазкур ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ ва ҷинояткорӣ вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар корҳои назаррасро ба анҷом расониданд, вале камбудиҳои ҷиддӣ дар фаъолияти шӯроҳо ошкор шуданд. 
Аз ҷумла, нақшаҳои соҳавии татбиқи Стратегияи миллӣ мавҷуд нестанд, кор дар ин самт номунтазам ба роҳ монда шуда, пешниҳоди маълумоти шуъбаву бахшҳои дахлдор аз рӯи корҳои анҷомдода ба мақомоти маҳаллӣ кам ба назар мерасад. Барои рафъи камбудиҳо кумаки амалӣ расонида шуд.
Дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Конибодом ҳамчунин дар баробари санҷиши фаъолияти шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ озмунҳои расми беҳтарин дар мавзӯи «Кӯдакони Тоҷикистон зидди мухаддирот» доир  шуданд, ки дар онҳо зиёда аз 100 нафар хонандагону донишҷӯён ширкат варзиданд. Дар охир ғолибони озмунҳо бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Сентябрь 24, 2014 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад