Д.Саймиддинов: Вазифаи забоншиносон на танҳо таълим, балки таҳқиқи забон аст

Сентябрь 19, 2014 15:18

 
Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Кохи Ваҳдат таҳти унвони «Забони давлатӣ ва рушди истилоҳот» конфронси илмию ималӣ баргузор гардид. 
Дар ифтитоҳи конфронс раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода аҳли нишастро бо Рӯзи забон табрик намуда,  таъкид кард: «Садсолаи охир унсурҳои бегона ва қолабҳои вожасозии бегона дар забони мо роҳ ёфта, чунон забони моро махлут карданд, ки ин василаи корбурди ғанигардонии фонди луғавии забонӣ қариб буд моро аз меъёри забони адабии классикиамон дур созад.
Имрӯз вақти он расидааст, ки дар ҳамкориву мусоидат ва назорати пайвастаи Кумитаи забон ва истилоҳот бо ниҳодҳои илмӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо мутахассисони соҳавӣ дар кори густаришу рушди забони давлатӣ ва ба ҳадафи барои ба забони илм комёб гардонидани забонамон фаъолияти самаранокро ба роҳ монанд, зеро ҳар як забон бо тозагиву беолоишӣ ва риояи меъёри суннатии худ ба дараҷаи забони илм расида метавонад». 
«Дар даврони истиқлолият барои рушди забони давлатӣ имкониятҳои бештар фароҳам омад. Таҷлили Рӯзи забон имсол ба дигар санаи муҳими фарҳангӣ, гиромидошти 600-солагии адиб, олим ва орифи бузурги машриқзамин Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ рост меояд. Забон як ҷузъи муҳим ва ҷудонопазири фарҳанги миллӣ буда, моро дар масири таърих маҳз ба шарофати забон, осори илмию адабӣ ва фарҳангиямон мешиносанд. Забони модарӣ дар ҳама давру замон мояи ифтихор ва омили асосии ҳамбастагию ваҳдати миллӣ мебошад»,-афзуд зимни суханронӣ Мансур Суруш-мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа. 
Доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов зимни суханрониаш иброз намуд, ки: «Яке аз муваффақиятҳое, ки дар оянда кумита метавонад аз он бархурдор шавад, ҳамкорӣ бо Фарҳангистони забон ва адаби форсист. Мо дар ҷомеаи форсизабонон, ки имрӯз васоити ахбори гуногун дорад, шурӯъ аз BBC то Озодӣ, ба он баҳсҳое, ки ҳамарӯза миёни ин ҷавонон сурат мегиранд, бояд бо андешаи тоза нисбат ба масоили рушди забони тоҷикӣ ҳамчун як шохаи забони муштараки форсии дарӣ муносибат кунем, на ин ки бо таъсири забонҳои бегонаи минтақа, ки дар даврони мухталиф сурат гирифтааст, маҳдуд шавем. Ин ҳамон сиёсатест, ки ба иқболи миллати тоҷик Сарвари кишвари мо ин сиёсатро пеша кардаанд. 
Вазифаи мо забоншиносон ғайр аз таълими забон ин аст, ки мо бояд таҳқиқ кунем. Ман надидам, ки ягон забоншинос як истилоҳро гирифта, то ба охир таҳқиқ карда, шакли дурусти онро ба мардум пешкаш кунад. Мо одат кардем, ки чизеро ки  дар форсӣ гуфтаанд, оҳиста гирифта диҳем, агар инсоф дошта бошем, истинод мекунем, надошта бошем, намекунем». 
Дар конфронс 14 маърӯзаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забон ва истилоҳшиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба масъалаҳои истилоҳот ва рушди забони давлатӣ ибрози назар шуд.
Дар анҷоми кори конфронс, инчунин натиҷаи озмуни «Мақолаи беҳтарин», ки аз ҷониби кумита ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардида, ғолибони озмун бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.
 
 
 
 
 
 
 

Сентябрь 19, 2014 15:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд