Дар «Аржанг»-и «Кохи Наврӯз» Саммити сарони СҲШ оғоз меёбад
Душанбе, 12.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз, 12 сентябри соли 2014 дар толори «Аржанг»-и «Кохи Наврӯз»-и Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оғоз меёбад.
Ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиши бузург сарони кишварҳои аъзои ин созмони муътабар -Чин- Си Ҷинпин, Русия -Владимир Путин, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Ӯзбекистон -Ислом Каримов, Қирғизистон -Алмазбек Отамбоев, инчунин роҳбарони кишварҳои нозир, назири Афғонистон -Ҳомид Карзай, Эрон- Ҳасани Рӯҳонӣ, Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорж, инчунин мушовири Сарвазири Покистон оид ба масоили амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азиз ва вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ ба Душанбе омадаанд.
Сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай қабл аз оғози Саммит дар толори «Дидор»-и «Кохи Наврӯз» аксбардорӣ намуда, баъдан ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар толори «Аржанг»-и кохи мазкур шурӯъ мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар қаламрави кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай 1 миллиарду 455 миллион ё чоряки аҳолии ҷаҳон сукунат дошт, ҳудуди кишварҳои ин созмони бонуфуз 30 миллион километри мураббаъ ё 60 дарсади қаламрави АвруОсиёро дар бар мегирад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






