Дар «Аржанг»-и «Кохи Наврӯз» Саммити сарони СҲШ оғоз меёбад

Сентябрь 12, 2014 09:31

           Душанбе, 12.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Имрӯз, 12 сентябри соли 2014 дар толори «Аржанг»-и «Кохи Наврӯз»-и Душанбе-пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саммити сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оғоз меёбад. 
           Ҷиҳати иштирок дар ин ҳамоиши бузург сарони кишварҳои аъзои ин созмони муътабар -Чин- Си Ҷинпин, Русия -Владимир Путин, Қазоқистон  Нурсултон Назарбоев, Ӯзбекистон -Ислом Каримов, Қирғизистон -Алмазбек Отамбоев, инчунин роҳбарони кишварҳои  нозир, назири Афғонистон -Ҳомид Карзай, Эрон- Ҳасани Рӯҳонӣ, Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорж, инчунин мушовири Сарвазири Покистон оид ба масоили амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азиз ва вазири корҳои хориҷии  Ҳиндустон Сушма Свараҷ ба Душанбе омадаанд. 
      Сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай қабл аз оғози Саммит дар толори «Дидор»-и «Кохи Наврӯз» аксбардорӣ намуда, баъдан ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар толори  «Аржанг»-и кохи мазкур шурӯъ мегардад.       
          Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар қаламрави кишварҳои аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай  1 миллиарду 455 миллион ё чоряки аҳолии ҷаҳон сукунат дошт, ҳудуди кишварҳои ин созмони бонуфуз  30 миллион километри мураббаъ ё 60  дарсади қаламрави АвруОсиёро дар бар мегирад. 

Сентябрь 12, 2014 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад