Дастовардҳои Истиқлолият-ҳидоятгари ояндаи дурахшон

Сентябрь 4, 2014 10:50

Душанбе, 04.09.2014.(АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Истиқлолият  рамзи  саодати  миллат  ва  давлати  соҳибихтиёри  миллӣ,  нишонаи  пойдориву  бақои  он  мебошад. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Ба муносибати 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди масъули суди иқтисодии  вилояти Суғд    Раъно Икромова андешаҳояшро чунин изҳор менамояд: 
Истиқлолият барои ҳар кадом халқу миллат мафҳуми муқаддастарин маҳсуб ёфта, дар таърихи инсоният бисёр воқеаҳо сабт шудаанд, ки маҳз баҳри ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба вуқӯъ пайвастаанд. Аслан соҳибдавлат будани ҳар кадом халқу миллат заминаҳо ва омилҳои таърихии худро дорад. Илми таърих борҳо исбот намудааст, ки мо тоҷикон яке аз қадимтарин халқҳои ҷаҳонӣ мебошем ва дар тамаддуни ҷаҳонӣ аз аср ба аср саҳми арзандаи худро мегузорем. Ҳарчанде, ки гардишҳою таҳаввулоти таърихӣ давлатдории миллиамонро аз байн мебурд, вале халқи тоҷик бо фарҳанги бойи худ ҳастии хешро нигоҳ дошт, ки имрӯз мо соҳиби давлати худ ҳастем. Вале бояд тазаккур дод, ки дар ҳар давру замон баҳри соҳибдавлат будани халқамон шахсиятҳо ва фидоиёни миллатамон нақши муҳим бозидаанд.
Мо бояд ифтихор аз он дошта бошем, ки яке аз қадимтарин халқи дунё будем, ҳастем ва мемонем ва барои соҳибдавлат будан ҳуқуқи таърихй ва маънавӣ дорем.
Бо амри таърих соли 1991-ум Истиқлолияти комили давлатӣ насибамон гардид. Вале зери таъсири омилҳои геополитикӣ ва нақшаҳои ғаразноки душманони хориҷӣ қариб буд, ки ин неъмати бебаҳоро бо зудӣ аз даст диҳем. Душманони халқи тоҷик, ки аз азал забон ва фарҳанги моро чашми дидан надоштанд, бори дигар аз худ дарак дода, нақшаҳои ғаразноки хешро рӯи кор оварданд ва ҷомеаи моро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, ки аз оқибатҳои он ҳамаи мо огоҳ ҳастем.
 
Дар ҳар давру замон буданд шахсиятҳои бузурги халқамон, ки бо ҷонбозиҳои худ халқро аз хатар эмин нигоҳ дошта, баҳри Истиқлолият муборизаи беамон мебаранд.
Бешубҳа метавон гуфт, ки яке аз чунин шахсиятҳое, ки дар лаҳзаҳои ҳассос барои халқамон ба саҳнаи роҳбарӣ омад, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо шарофати баргузор гардидани Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1992 сарвариро ба дўши худ гирифт.
Сиёсати давлатдории Эмомалӣ Раҳмон аз ислоҳоти конститутсионӣ оғоз ёфта, маҳз бо пешниҳоди Сарвари давлат бори нахуст соли 1994 қонуни асосии ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон, яъне Конститутсия дар таҳрири нав таҳия ва қабул гардид, ки роҳи ояндаи дурахшони кишварро муайян намуд. Конститутсияи Тоҷикистон аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз беҳтаринҳо эътироф гардида, ҳамчун чаҳорчўбаи муносибатҳои ҷамъиятӣ барои садсолаҳои оянда хизмат менамояд. Конститутсия ҳамчунин яке аз муқаддастарин дастоварди давраи соҳибистиқлолӣ буда, ба қабули он ба тамоми пешравиҳо заминаи боэътимод гузошта шуд.
Қабл  аз ҳама бо кўшишҳои Сарвари давлат риояи меъёрҳои Сарқонун таъмин шуда, ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд ва Ваҳдати миллӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихӣ пойдор шуд. Дар асоси Конститутсия низоми давлатдории миллӣ таъмин гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати муосири демократӣ, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона дар тамоми ҷаҳон шинохта шуд.
Ба муомилот бароварда шудани асъори миллӣ дар ҳаёти иқтисодии кишвар гардиши куллиро ба вуҷуд овард, ки ин ҳам нишони истиқлолияти давлатӣ буда, ба наслҳои оянда ба мерос гузошта хоҳад шуд. Бо ба муомилот баровардани пули миллӣ ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар такони ҷиддӣ бахшида шуда, низоми молиявии кишвар устувор гардид, ки ин барои рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат мусоидат намуд. Дар асоси татбиқи сиёсати хирадмандонаи молиявию иқтисодӣ чандин иқдомҳои бузурги созандагию бунёдкориҳо амалӣ гардида, бисёр иншооти бузурги тақдирсозу ояндасоз  ба истифодаи дода шуданд, ки мислаш дар тўли ҳафтод соли даврони шўравӣ сохта нашуда буд. Масалан, бо пешниҳоди Сарвари давлат нақбҳои азими «Истиқлол» ва «Шаҳристон» бунёд ёфтанд, ки арзиши бузурги ояндасозиро доранд. Тавассути ин нақбҳо чандин ҳадафҳои олии Тоҷикистониён амалӣ мегарданд. Аз ҷумла ин на фақат рафтуомади доимии шаҳрвандон ба тамоми Тоҷикистон, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо додани кишвар, балки омили асосии ваҳдатофар ва муттаҳидсозандаи тоҷикистониён маҳсуб ёфта, барои наслҳои имрўзаю оянда тақдим шуданд. Дигар ин ки иншооти мазкур барои тадбиқи амалии мақсадҳои стратегии мо ба монанди таъмини амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвари мо солиёни зиёд хизмат хоҳад намуд.
Дигар дастоварди иқтисодии даврони истиқлолият- ин тадбиқи амалии ҳадафи олии мардуми мо, яъне таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакат ба ҳисоб меравад.  Бо ин мақсад бо ҷаҳду талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Истиқлолият бо баробари бунёд ёфтани неругоҳҳои бузурги обии барқӣ, ба монанди НБО «Сангтўда 1», «Сангтўда 2» ва оғозу идома ёфтани сохтмони бузургтарини НБО «Роғун» ва садҳо неругоҳҳои хурду миёна шабакаи ягонаи барқӣ дар кишвар таъмин шуд, ки ба ин васила кишвари мо дорои неруи барқӣ худӣ гардид ва дар ояндаи наздик мамлакати мо ба яке аз давлатҳои содиркунандаи неруи барқ табдил хоҳад ёфт.
Дигар дастоварди бузурги халқи тоҷик дар замони истиқлолият- ин ба вуҷуд овардани андешаи миллӣ мебошад. Бо роҳи рў овардан ба таърих ва ба ин васила зинда гардонидани номи неки ниёгонамон, мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ, бо номи қаҳрамонони халқи тоҷик номгузорӣ кардани шаҳру деҳоти мамлакат, қад афрохтани  муҷассамаҳои онҳо, барои мисол муҷассамаи осмонбўси Шоҳ Исмоили Сомонӣ дар пойтахт ва дар сатҳи давлатию байналхалқӣ ҷашн гирифтани санаҳои зодрўзи алломаҳо, шоиру нависандаҳои барҷаста, ҷонфидоёни миллат, ҷашнҳои миллӣ ба монанди Наврўз, ҳамчун Иди миллии тоҷикон ҳамагонро дар ҳайрат гузошт. Ин иқдомҳо чун унсурҳои тақвиятбахшандаи андешаи миллӣ хизмат намуда, барои дар рӯҳияи худшиносиву ватанпарастӣ тарбия намудани наслҳои оянда мусоидат хоҳад кард. Дар сатҳи давлатӣ эҳё намудани урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, ҳисси ватанпарастӣ, ғояҳои номатлуби бегонапарастӣ, маҳалгароиро аз байн бурд. Гардиши куллӣ дар мафкураи мардум ба вуҷуд оварда шуда, андешаи миллӣ оммавӣ гардонида шуд, ки барои наслҳои оянда арзиши беандоза дорад.
Дар замони Истиқлолият дар шахсияти сиёсатмадори сатҳи байналхалқӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳониён моро шинохтанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи СММ, ЮНЕСКО ва даҳҳо ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ гашт ва дар даҳҳо давлатҳои хориҷии дуру наздик намояндагиҳо ва сафоратхонаҳои кишвари мо таъсис дода шуданд, ки ин дигаргуниҳо низ меваҳои истиқлолият ҳастанд. Дастовардҳои байналхалқии Тоҷикистон ҳамчун нишони истиқлолият дар саҳифаҳои таърихи ҷаҳонӣ навишта шуда, боиси ифтихори наслҳои оянда хоҳад буд.
Бояд зикр намуд, ки ҳар фарде, ки ин дастовардҳоро нодида мегирад, дар хотир дошта бошад, ки онҳо ё бегонапараст ҳастанд, ё ифтихори худшиносию ватанпарастӣ надоранд. Ба ёди Ватан зистан, баҳри наслҳои оянда бунёд намудан бояд рисолати ҳар фарди солимақл бошад.
Дастовардҳои замони Истиқлолият моро барои ноил шудан ба дастовардҳои минбаъда ҳидоят хоҳанд кард.
 
 

Сентябрь 4, 2014 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад