Даъват ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояткорӣ

Сентябрь 19, 2014 11:35

Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар факултаи физикаю техникаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров бо иштироки васеи  донишҷўёни факултаҳои математика, тарбияи ҷисмонӣ, кибернетика, рассомӣ-графикӣ ва физикаю техника мулоқоти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот доир гардид.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд, дар мулоқот доир ба вазъи қонуншиканӣ аз тарафи донишҷўён сухан рафта, изҳори нигаронӣ шуд, ки мутаассифона, ҷавонон ба ҷойи таълиму тадрис ба ҷинояткорӣ даст мезананд. Ин зумра донишҷўён на фақат ба номи волидайн, балки ба унвони факулта ва донишгоҳашон иснод меоранд. Бо вуҷуди гузаронидани мулоқот бо эшон миқдори ҷиноятҳо рӯ ба афзоиш аст. Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ 771 ҷиноят аз тарафи  819 нафар ҷавон содир шудааст, ки аз онҳо 20 нафараш донишҷӯёни макотиби олии мамлакат мебошанд. 
Дар мулоқот нозири калон оид ба супоришҳои махсуси Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шуҳрат Абдуллозода доир ба вазъи нашъамандӣ ва қоҷоқи маводи мухаддир дар ҳудуди вилоят маълумот дода, афзуд, ки  Тоҷикистон узви  3 конвенсияи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Конвенсияи ягонаи СММ дар бораи воситаҳои нашъаовар, Конвенсия дар бораи моддаҳои  психотрикӣ ва Конвенсия оид ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотрикӣ мебошад. 
-Мо бояд бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза барем,-таъкид шуд дар мулоқот.

Сентябрь 19, 2014 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад