«Донишномаи Ҳисор» — туҳфа ба ҷашни Ҳисор
Ҳисор, 08.09.2014. (АМИТ «Ховар», Ҳотами Шариф).-Ба истиқболи 3 ҳазорсолагии Ҳисор аллакай даҳҳо китоби хурду бузург нашр шуда, ба дасти мардуми хирадманд расид. Қаламкашони соҳибдили Ҳисор чанд сол боз мақсад доштанд, ки як китоби бузургеро мураттаб созанд, ки оид ба таърих, фарҳанг ва шахсиятҳои барҷастаи ин куҳандиёр ва ин гӯшаи дилписанди Тоҷикистон маълумоти муфассал диҳад.
Инак як сол боз он маводеро, ки тайи 10 сол гирд оварданд, бо тартиби муайян ҷо ба ҷо гузошта, бо маълумоти тоза муқоиса карда, маъхази нав дарёфт намуда, баъзеяшонро аз назари мутахассисон гузаронида, ба чоп омода мекунанд. Ин китоби бузург «Ҳисорнома» ё «Донишномаи Ҳисор» бисёр чизҳои заруриро дар бар хоҳад гирифт. Алҳол барои китоби мазкур беш аз 5 ҳазор мақола тайёр шудааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






