Ду рӯзи оянда Душанбе ба маркази бузурги ҷуғрофиёи сиёсӣ табдил мешавад
Душанбе, 10.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Ду рӯзи оянда шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маркази бузурги ҷуғрофиёи сиёсии ҷаҳонӣ мубаддал мегардад. Дар ин ҷо рӯзҳои 11 ва 12 сентябри соли 2014 ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуда, Душанбе мизбони сарони даҳ кишвари ҷаҳон, вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарону намояндагони созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ мегардад.
Назар ба иттилои Абдулфайз Атоев -сардори Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби сарони кишварҳои ин созмони муътабар маҷмӯи санадҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф ба имзо хоҳанд расид.
Бояд тазаккур дод, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани Саммити сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе пойтахти Тоҷикистон тадбирҳои амниятӣ пурзӯр гардонида шуда, тамоми сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар дар ҳолати омадабош қарор доранд. Инчунин дар ин рӯзҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар бархе аз ҷодаю хиёбонҳои асосии Душанбе маҳдуд ва дар соатҳои зарурӣ пурра қатъ гардонида мешавад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






