Эҳтироми Си Ҷинпин ба таъриху фарҳанги қадимаи тоҷикон
Душанбе, 13.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Субҳи имрӯз, 13 сентябр сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ оғоз гардид. Меҳмони олиқадр ба Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон омада, ба нишони эҳтироми таъриху фарҳанги қадима ва пурғановати мардуми тоҷик ба пояи ҳайкали асосгузори давлати бузурги тоҷикон — Сомониён — Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт. Пас аз маросими гулгузорӣ сурудҳои миллии Тоҷикистону Чин садо доданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки баъди маросими гулгузорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Чумхурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро дар назди Қасри Миллат расман истиқбол гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






