Эҳёи меҳнати хонагии занону духтарон дар Мастчоҳ
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ Ховар, Ситораи Боймурод).- Баҳри татбиқи қарори раиси вилояти Суғд оид ба ташкили озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» ва бо мақсади эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон, корҳои хонагӣ, дарёфти беҳтарин ҳунармандон, аз ҷумла, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, адрасбофӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни мазкур баргузор гардида истодааст.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия даври аввали озмуни «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё менамоем» гузаронида шуд.
Давраи дуюми озмуни мазкур дар Қасри фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ баргузор шуд, ки дар он 21 нафар ғолиби даври якуми озмун ва зиёда аз 350 нафар тамошобин аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия иштирок намуд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






