Э. Раҳмон: «Аз болоравии нарх ва рақобати носолим ҷилавгирӣ кунед»

Сентябрь 5, 2014 11:19

Душанбе, 5.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни суханронӣ дар расми ифтитоҳи  Маҷмааи тиҷоратии «Пойтахт-90» шаҳрдории Душанберо муваззаф намудааст, ки бо назардошти хусусиятҳои хоси пойтахт ҷиҳати ҷилавгирӣ аз  болоравии беасоси нарх, рақобати носолим ва бартарафсозии омилҳои монополия ба баъзе намудҳои маҳсулот тадбирҳои зарурӣ андешад.
        Дар ин масъала Сарвари давлат ба шаҳрдории Душанбе дастур дод, ки  раванди ташкили захираи маҳсулоти озуқа ва ба танзим даровардани нархи маҳсулоти хӯрокиро таҳти назорати доимии сохтору мақомоти марбута, хусусан шаҳрдории Душанбе қарор диҳад.      
           Бояд тазаккур дод, ки маҷмааи мусоири тиҷоратӣ, ки ба ифтихори ҷашни 90-солагии Душанбе унвони «Пойтахт-90»-ро гирифтааст,  аз бузургтарин марказҳои  замонавии савдо дар Душанбе буда, аз се ошёна иборат аст. Ҳамзамон он дорои фурӯшгоҳи тобистона ва нуқтаҳои хизматрасонӣ- 82 мағоза, тарабхона, ошхонаву қаҳвахона, толори маҷлисгоҳ, сардхонаву бағоҷхона, озмоишгоҳ ва истгоҳ барои воситаҳои нақлиёт аст. Маҷмааи мазкур дар тӯли қариб ду сол аз ҷониби ширкати сохтмонии «Строй-комплекс» сохта шудааст.
 
 

Сентябрь 5, 2014 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд