Э. Раҳмон ба ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ кори пурсамар таманно кард
Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавчуда Анварӣ).- Имрӯз шаҳри Душанбе макони баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай гашта, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли ҷаҳон қарор гирифтааст, зеро ҷараёни ин ҳамоиши бузург аз ҷониби тамоми васоити ахбори оммаи ҷаҳонӣ, ки беш аз 500 нафар намояндагонашон бевосита дар пойтахти Точикистон қарор доранд, инъикос мегардад. Дирӯз барои иштирок дар ҳамоиши дорои аҳамияти бузурги минтақавию ҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе — пойтахти Тоҷикистон роҳбарони ҳамаи 6 давлати аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Ҷумҳурии Мардумии Чин -Си Ҷинпин, Федератсияи Русия — Владимир Путин, Ҷумҳурии Қазоқистон -Нурсултон Назарбоев, Ҷумҳурии Қирғизистон — Алмазбек Атамбаев, Ҷумҳурии Ӯзбекистон -Ислом Каримов ва Президенти давлати меҳмонпазири Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омаданд.Дар ҳамоиши сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорж иштирок доранд. Ҳиндустонро дар саммит вазири корҳои хориҷӣ Сушма Свараҷ ва Покистонро мушовири Сарвазир оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азиз намояндагӣ мекунанд. Дарвоқеъ, Душанбе шаҳри дӯстию рафоқат, ҳусни ҳамсоягӣ ва таконбахши ҳамкориҳо будани худро бори дигар дар амал собит месозад. Ба муносибати ташрифи меҳмонони олимақом кӯчаю хиёбонҳои пойтахти хушбоду ҳавои кишвари азизамон бо лавҳаю шиорҳои шодбошӣ ва навиштаҷоти маълумотӣ ороиш ёфта, барои истиқболи онҳо оғӯши гарми худро боз кардааст. Шаҳри Душанбе ҳамчунин ҷойи баргузории мулоқотҳои дуҷонибаи сарони давлатҳо ва дигар шахсони расмии воломақом гашт. Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар бинои боҳашамати Кохи Наврӯз баргузор гашта истодааст.Чаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳо дар ҳайати хосса идома дорад. Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Раиси Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон меҳмонони олимақомро ба сарзамини файзбори Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба ҷаласа кори пурсамар таманно намуд. Пас аз анҷоми ҷаласаи ҳайати хосса бо иштироки ҳайатҳои васеи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва давлатҳои нозиру шарики мусоҳибавӣ ҷаласаи васеъ доир мегардад.








Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд






