Э. Раҳмон: «Тарбия аз мадди назар дур мондааст»
Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Имрӯз дар Рӯзи дониш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Президенти кишвар зимни суханронии худ гуфт, ки дар баробари таълим дар ташаккули насли ояндаи кишвар тарбия нақши арзанда дорад. Мутаассифона, имрӯзҳо дар аксар муассисаҳои таълимии кишвар диққати асосӣ ба таълим дода шуда, тарбия то андозае аз мадди назар дур мондааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илмро зарур аст, ки барои дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ахлоқи ҳамида тарбия намудани насли наврас нақшаи дарсҳои тарбиявиро бо мавзӯъҳои мушаххаси рӯзмарра таҳия ва татбиқ намояд. Ҳангоми арзёбии фаъолияти роҳбари ин ё он муассисаи таълимӣ дар баробари баҳо додан ба натиҷаҳои таълиму тадриси шогирдон вазъи корҳои тарбиявиро ҳам мавриди санҷиш қарор дода, хулосаҳои зарурӣ барорад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






