Эътибори ҷиддии маориф ба рушди шахсият

Сентябрь 1, 2014 15:58

Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-  «Дар асоси таҷрибаи таърихиву арзишҳои фарҳангии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ яке аз вазифаҳои муҳими соҳаи маориф ва илми кишвар маҳсуб меёбад»,-гуфт имрӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш бахшида ба Рӯзи дониш.
Барои расидан ба ин ҳадаф сатҳи касбии муаллимон ва тарбиятдиҳандагон дар ҳамаи бахшҳои низоми маорифи мамлакат бояд ба талаботи ҷаҳони муосир мутобиқ бошад, яъне муассисаҳои таҳсилоти олии омӯзгорӣ ба сатҳи байналмилалӣ расонида шаванд, то ки дастпарварони муассисаҳои таълимӣ дар асри иттилоотиву иртиботӣ қобилияти баланди рақобат дошта бошанд.
«Агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафтаву неруманд ва ҷомеаи кишварамон осудаву мутамаддин бошад, коре кунем, ки фарзандонамон босаводу донишманд бошанд, дастовардҳои навини илму техника ва технологияҳои инноватсиониро аз худ намоянд, ду забони хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисиро ба мисли забони модарӣ донанд ва ҳамқадами замон бошанд»,-таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Соҳаи маориф дар марҳалаи муосири инкишофи инсоният ба яке аз соҳаҳои муҳиму ҳалкунандаи ҳаёт мубаддал гардидааст.
Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳамаи самтҳои он баробар рушд ёбанд. Алалхусус, дар ҷаҳони муосир, ки равандҳои ҷамъиятӣ ва буҳронҳои иҷтимоӣ торафт вусъат мегиранд, масъалаи тарбия ва инкишофи ҳамаҷонибаи инсон беш аз пеш аҳамият пайдо мекунад.
Вобаста ба ин, соҳаи маорифи кишвар бояд на танҳо ба тайёр намудани қувваи корӣ, инчунин ба рушди ҳамаҷонибаи шахсият эътибори ҷиддӣ зоҳир намояд.

Сентябрь 1, 2014 15:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!