Фатвои Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 26.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон фатво медиҳад, ки ҷанг бо мусулмонон дар кишвари онҳо, иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар ҳама гуна давлатҳо, барангехтани мардум алайҳи сарварони худ, ба вуҷуд овардани фитна бо мақсади ноором гардонидан ва аз байн бурдани сулҳу субот ва ваҳдати ҷомеа, иртибот ва ҳамкорӣ бо созмонҳои ватанию хориҷӣ, воситаҳои ахбори омма ва гурӯҳу аҳзобе, ки мақсадашон барҳам задани амну суботи ҷомеа ва ваҳдати миллист, гуноҳи кабира ва азим аст. Ҳар нафаре, ки чунин кирдорҳои зиштро содир менамояд, ба ғазаби Худо гирифтор шуда, рӯзи қиёмат мустаҳқиқи азоби дарднок мегардад, омадааст дар фатво. Фатвои мазкур бо такя ба далелҳои муътабари шаръӣ дода шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки фатвои Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сентябр зимни баргузории ҷаласаи Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Саидмукаррам Абдулқодирзода- раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо ҳузури аъзои Шӯрои уламои кишвар, сархатибони масҷидҳои марказии навоҳии тобеи марказ ва имомхатибони шаҳри Душанбе баргузор гардид, бароварда шуд.
Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки фатвои мазкур бо назардошти мураккаб гардидани авзои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар бархе аз кишварҳои олам, хусусан Сурия ва Ироқ ва дар иртибот ба ин зиёд гардидани ҷалби ҷавонон, бахусус мусалмонон ба амалиёти ҷангӣ ва равандҳои ифротгароёна, ки таҳти унвони ҷиҳод дар кишварҳои Шарқи Наздик, аз ҷумла Сурия ва Ироқ идома дорад, дода шудааст. Ҳамзамон фатво ҷиҳати ҷилавгирӣ аз кӯшиши бархе афрод барои ноором кардани вазъи ҷомеа ва барҳам задани ваҳдати миллӣ, ки бо гурӯҳҳои ифротӣ ҳамдастӣ карда, дар миёни мардум фитнаву тафриқа эҷод менамоянд ва эътимоди мардумро аз сарварашон коста мегардонанд бароварда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки фатвои Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоле бароварда шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ беш аз 200 ҷавони тоҷик ширкат менамояд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






