«Фурӯғ» ба фаъолият пардохт

Сентябрь 1, 2014 16:15

Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Имрӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маросими фаъолсозии студияи таълимии телевизионии «Фурӯғ» — и назди кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров иштирок намуд.
Абдураҳмон Қодирӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба фаъолияти студияи телевизионӣ ҳусни оғоз бахшида, дар хитоб ба донишҷӯён таъкид намуд, ки барои баланд бардоштани  малакаи касбӣ аз васоити техникии муосир самаранок истифода баранд.
Студияи телевизионӣ бо маблағи наздик ба 60 ҳазор сомонӣ таъсис ёфта, он пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст.
Сипас раиси вилоят дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд донишҷӯёну устодонро бо фарорасии Рӯзи дониш табрик гуфта,  изҳор дошт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд аз бонуфузтарин боргоҳи таълимии вилоят маҳсуб ёфта, шумораи донишҷӯёни он аз 26 нафари соли 1932 ба 13 000 нафар расидааст. Танҳо дар  соли хониши 2013 -2014 ин донишгоҳро 513 нафар бо ихтисосҳои гуногун хатм карда, дар пешбурди хоҷагии халқ нақши назарраси худро мегузоранд.
Имсол аз тариқи низоми тестӣ наздик ба 2500 нафар ба донишгоҳ дохил шудаанд, ки аз ин 1156 нафар аз тариқи буҷет ва 1317 нафар шартномавӣ таҳсил хоҳанд кард. Ҳамзамон таъкид шуд, ки имсол маоши устодон 20 фоиз афзун гардидааст.
Раиси вилоят дар баробари пешравиҳои назаррас ҳамчунин аз камбудиҳо низ ёдовар шуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки норасоии кадрҳои ҷавон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар баъзе аз шаҳру навоҳӣ масъулинро водор мекунад, то бо муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳамкории самарабахшро ба роҳ монанд.
 
 
 
 
 
 

Сентябрь 1, 2014 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!