Г. Бердимуҳаммадов ба ҳайси меҳмони фахрӣ ба Душанбе омад

Сентябрь 12, 2014 09:27

Душанбе, 12.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 12 сентябр бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистони ташриф овард. Дар фурудгоҳи байнадлмилалии  Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода истиқбол намуд. 
       Интизор меравад, ки Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зимни сафари кориаш ба Душанбе бо Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, тавсеаи равобити Душанбею Ашқободро дар бахшҳои мухталиф матраҳ хоҳад кард.
     Ҳамзамон дар назар аст, ки Президенти Туркманистон дар маросими оғози сохтмони  лӯлаи интиқоли гази  «Осиёи Марказӣ-Чин» ширкат варзад. Маросими  расмии оғози сохтмони қубури интиқоли гази  Осиёи Марказӣ ба Чин фардо бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва  Си Ҷинпин -Раиси  Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад.    

Сентябрь 12, 2014 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст