Г. Бердимуҳаммадов ба ҳайси меҳмони фахрӣ ба Душанбе омад
Душанбе, 12.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов 12 сентябр бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистони ташриф овард. Дар фурудгоҳи байнадлмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода истиқбол намуд.
Интизор меравад, ки Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов зимни сафари кориаш ба Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, тавсеаи равобити Душанбею Ашқободро дар бахшҳои мухталиф матраҳ хоҳад кард.
Ҳамзамон дар назар аст, ки Президенти Туркманистон дар маросими оғози сохтмони лӯлаи интиқоли гази «Осиёи Марказӣ-Чин» ширкат варзад. Маросими расмии оғози сохтмони қубури интиқоли гази Осиёи Марказӣ ба Чин фардо бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Си Ҷинпин -Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин сурат мегирад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






