Гурӯҳҳои корӣ дар хидмати муҳоҷирони меҳнатӣ

Сентябрь 5, 2014 09:29

Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиши вазир Сумангул Тағойзода  аз ҳисоби кормандони вазорат, хадамоту агентӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил намуд.
Мақсад аз ташкили гурӯҳҳои корӣ гузаронидани вохӯрию суҳбатҳо бо фаъолон ва муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба талаботи нави қонунҳои Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ бодарназардошти талаботи бозори меҳнати Федератсияи Русия барои муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Тоҷикистон  омӯзиши забони русӣ, таърих, асосҳои қонунгузории Федератсияи Русияро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла,  иттилоотонии муҳоҷирони меҳнатиро бештар тақвият бахшида истодааст.

Сентябрь 5, 2014 09:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад