Гузаронидани ҷаласаи навбатии Тоҷикистону Қатар

Сентябрь 20, 2014 10:52

Душанбе, 20.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Мулоқоти муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев бо ҳайати бонуфузи Давлати Қатар таҳти роҳбарии раиси Шӯрои директорони ҳолдинги Издон шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ 18-сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. 
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, гузаронидани ҷаласаи навбатии байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар, мусоидат ба фаъолияти бонкҳо ва низоми қарздиҳӣ, алалхусус, низоми бонкдории исломӣ, суғурта, бахши хусусӣ, сармоягузории лоиҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар охир тарафҳо азми қавии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд баён доштанд. 

Сентябрь 20, 2014 10:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад