Хариди 6 ҳазор гӯсфанд барои қурбонӣ дар Макка
Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар аз хариди беш аз 6 ҳазор гӯсфанд барои зоирини тоҷик дар шаҳри Маккаи мукаррама хабар дод.
Тавре ки Афшини Муқим, сардори маркази матбуоти Кумитаи дин, ки ҳоло дар шаҳри Макка қарор дорад, имрӯз дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки гӯсфандон барои иҷрои яке аз рукнҳои ҳаҷҷи фарзии сокинони Тоҷикистон — қурбонӣ кардан харид шудаанд. Барои ҳар зоир як гӯсфанд рост меояд, ки арзиши он 490 риёли саудӣ, муодили 131 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин гӯсфандон дар асоси шартномаи Кумитаи дин ва ширкати хизматрасон харид шудаанд ва дар робита ба ҳар як зоири тоҷик расиди махсус оид ба анҷом додани қурбонӣ дода мешавад.
Ба гуфтаи масъулини ширкати хизматрасон аз миқдори умумии гӯшти гӯсфандони қурбонишаванда тақрибан 5 тоннаи он дар ихтиёри зоирини тоҷик гузошта мешавад, то онҳо низ аз қурбонии анҷомдодаи худ истифода намоянд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






