Хуҷанд: Сафарбаркунии 179 зоир ба Ҳаҷ
Хуҷанд, 10.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Инак дар ҷумҳурӣ маъракаи сафарбаркунии зойирин барои адои маросими Ҳаҷ оғоз ёфт. Имсол аз шаҳри Хуҷанд тибқи меъёри муқарраргардида 179 нафар ба Арабистони Саудӣ барои иҷрои фарзияи динӣ сафар хоҳад кард.Гусели гурӯҳи аввалин бо роҳбарии 4 нафар роҳбалад 11 сентябр дар назар аст.Тавре ки аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳр иттилоъ доданд, дирӯз дар бинои мақомоти шаҳр вохӯрии зоирин бо шаҳрдори Хуҷанд доир гашт. Зимни мулоқот раиси шаҳри Хуҷанд зойиринро бо ҷашни 23- солагии Истиқололияти давлатӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо шарафёб шудан ба ин неъмати бебаҳо — истиқлолияти давлатӣ, имрӯз садҳо сокини кишвар имкон пайдо намуд озодона ин фарзияи диниро ба ҷо оварад. Ҳамчунин Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳр таъкид намуд, ки баъди сафари Ҳаҷ ҳар кадоме аз онҳо баҳри тарбияи ахлоқи ҷавонон, ваҳдати мазҳабӣ, пешгирӣ намудани ҳама гуна ҳолатҳои номатлуб саҳмгузор бошанд, зеро шарафёб гаштан ба унвони Ҳоҷӣ- ин пеш аз ҳама масъулият аст.Соли равон аз шимоли кишвар 1700 нафар барои адои маросими ҳаҷ хоҳад рафт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






