Хусусиятҳои баррасии парвандаҳо бо иштироки ВАО

Сентябрь 22, 2014 10:50

Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар Дафтари САҲА дар Тоҷикистон машварати омӯзишӣ бо иштироки судяҳои судҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои  вилояти Хатлон ва рўзноманигорон доир ба мавзўи «Хусусиятҳои баррасии парвандаҳо бо иштироки ВАО ва рўзноманигорон» ҳафтаи гузашта баргузор гардид.
Муовини раиси Шўрои адлия М.С. Қаландарзода таъкид намуд, ки яке аз омилҳои демократӣ будани ҷомеа он мебошад, ки ҳар як шаҳрванд метавонад фикру ақидаашро озодона баён намуда, дар бораи ин ё он ҳолат маълумот ва ахборе, ки тартиби ба даст овардани онро қонунгузор пешбинӣ намудааст, дошта бошад.
Аз ин рӯ, давлати Тоҷикистон озодона баён намудани фикру ақидаро кафолат дода, дар Сарқонуни худ дар моддаи 30-юм ишора намудааст, ки ҳар кас барои озодии сухан, нашр, истифодаи воситаҳои ахбор ҳуқуқ дорад.
Дар баробари ин, бо мақсади воқеан ҳам амалӣ гардидани принсипи демократӣ будани ин ҳуқуқҳо, дар ҳамин қонун кафолат дода шудааст, сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст.
 Масъалаи  дигар, ин истифода бурдани маълумоту иттилоотҳои ба дастоварда мебошад, ки тавре таҷриба нишон медиҳад, на ҳама вақт маълумотҳои паҳнгардида дуруст ва саҳеҳ ба аҳолӣ пешкаш  мешаванд, ки дар натиҷа баҳсҳои судӣ ба миён меоянд.
Баргузории чунин машварат ба омӯзишу ошноӣ пайдо намудан бо таҷрибаи байналмиллалии  марбут ба тартиби муроҷиат, ариза оид ба ҳифзи шаъну шараф, эътибори корӣ, ҳимояи шаъну шараф зимни таҳқиру тўҳмат, таҷрибаи судии баррасии ин намуд баҳсҳо, стандартҳои байналмиллалӣ, ҳуқуқ ба озодии сухан, баёни фикру ақида, ҳуқуқ ба ҷустуҷў  алоқамандӣ дошта,  бобати баланд бардоштани сатҳи касбияту сайқал додани маҳорату малакаи касбии ширкаткунандагон мусоидат менамояд.

Сентябрь 22, 2014 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад