Иди муаллимон кай баргузор мешавад?
Душанбе, 22.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Аз қадим бузургони илму адаб ба омӯзгор эҳтироми хосса дода, дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устод ҳамеша шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд ва ана ҳамин диди муборак то имрӯз боқӣ мондааст.
Бояд таъкид намуд, ки муаллим, омӯзгор дар тарбияи маънавии инсон нақши муассир дошта, боиси эҳтиром ва шаҳомат низ гаштааст.
Аз ин лиҳоз дар замони муосир низ баҳри эҳтиром ва арҷ гузоштан ба пешаи омӯзгор ҳамасола дар садҳо мамлакати ҷаҳон рӯзи панҷуми октябрро ҳамчун Рӯзи байналмиллалии муаллим ҷашн мегиранд.
Дар Тоҷикистон ин идро дар шанбеи аввали моҳи октябр ҳамасола баҳри арҷ гузоштан ба мақоми омӯзгор таҷлил мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






