Ифтитоҳи бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Панҷ
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар ҷамоати деҳоти Кабут Сайфуддинови ноҳияи Панҷ бо иштироки раиси ин ҷамоат, раисони маҳалла, директорони мактабҳо, табибон, омўзгорон, фаъолони маҳалла ва муҳоҷирони меҳнатӣ мулоқоти ошкоро доир гардид.
Раиси ҷамоат Саидҷаъфар Гурезов ташкили бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Панҷро иқдоми саривақтӣ барои мардуми ноҳия номид.
Сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Панҷ Сиҷоуддин Саидов доир ба навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, тарзи дуруст пур кардани варақаҳои муҳоҷиратӣ, гирифтани сертификат, донистани забони русӣ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба муҳоҷират маълумот дод.
Акнун сокинони ин ноҳия имкон пайдо намуданд, ки пеш аз сафар ба бахши хадамоти ноҳияи худ муроҷиат намуда, оид ба масъалаҳои дахлдор маълумот гиранд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






