Ифтитоҳи «Майдони теннис»-и шаҳри Душанбе

Сентябрь 3, 2014 20:08

Душанбе, 3.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз дар хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Майдони теннис бо зербинои муосир ифтитоҳ ёфт.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хиёбони Исмоили Сомонии пойтахт ташриф оварда, Майдони нави теннисро, ки дар паҳлӯи қасри Теннис ва майдони марказии варзишӣ бунёд ёфтааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, онро дар остонаи таҷлили ҷашни истиқлоли давлатии Тоҷикистон туҳфаи арзишманд номид.Тавре зикр гардид, ин майдони зебои теннис аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон бо харҷи беш аз 13 миллион сомонӣ мутобиқ бо стандартҳои ҷаҳонӣ бунёд ёфтааст. Майдони асосии ин маҷмаи варзишӣ дорои се корти теннис ва 2600 ҷойи нишаст мебошад. Майдони теннис ва дигар инфрасохтори зарурии ин маҷмаа дар масоҳати умумии 2500 метри мураббаъ ҷойгир шудааст.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба роҳбарону масъулони соҳа дастур дод, ки шароити то ба ҳол муҳайёшуда, аз ҷумла ин корти теннисро барои ташкили мусобиқаҳо байни шаҳру ноҳияҳо, рушди ин навъи зебои варзиш дар байни наврасону ҷавонон ва густариши тарзи ҳаёти солим ҳарчи бештару пурсамар истифода намоянд.Изҳори боварӣ карда шуд, ки минбаъд низ варзишгарони кишвар бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихори баланди миллӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат ва ҳунарнамоӣ карда, дар баробари сазовори ҷойҳои намоён гардидан барои мустаҳкам шудани риштаҳои дӯстиву ҳамкорӣ бо кишварҳои гуногуни дунё кӯшиш менамоянд.Дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон даври ниҳоии мусобиқоти теннис миёни наврасони то 13 сола ва то 16 сола барои гирифтани Ҷоизаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Хотиррасон бояд намуд, ки мактаби нахустини кӯдакону наврасони Тоҷикистон оид ба теннис соли 1955 таъсис ёфта, аз соли 1996 дар кишвари мо Федератсияи теннис амал мекунад.Бозии нахустини Ҷоми Президенти Тоҷикистон доир ба теннис соли 2005 баргузор гардида, минбаъд ин мусобиқот ба анъанаи ҳамасола табдил ёфт.Ҳоло дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Чкалов се мактаби махсус оид ба теннис фаъолият доранд, ки дар рушди ин намуди варзиш саҳми намоён мегузоранд.Дар бозии ниҳоии мусобиқоти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷуфти духтарон яке то 13-сола ва дуввумӣ то 16-сола ва ду ҷуфти писарони ҳамин синну сол барои гирифтани ҷойҳои якум ва дуюм қувваозмоӣ намуданд.Тавре зикр гардид, барои ғолибони мусобиқа Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷоиза бо маблағи 15 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи дуюм 10 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.Ҳамин тариқ ҷойи якуми мусобиқа, Ҷоми Президент ва шоҳҷоиза миёни духтарони то 13-сола насиби Наргиза Яҳёева гардид. Дар миёни духтарони то 16-сола бошад ба ин мақом Анастасия Турсунова мушарраф шуд.Миёни писарони синни то 13-сола ба ин мақоми баланд Мансур Мирзоев ва дар синни то 16-сола Фирӯз Муҳиддинов сазовор дониста шуданд.Ҷойҳои дуюм ва ҷоизаҳои дуввуми Президенти Тоҷикистон ба маблағи 10-ҳазор сомонӣ ба Юлия Макашина ва Сироҷ Содиқов дар миёни теннисбозони то 13-сола ва ба Нодира Муллоҷонова ва Тимур Каримов дар миёни то 16-солаҳо супурда шуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба дастпарварони фаъоли мактаби махсуси наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе доир ба теннис туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла лавозимоти бозии теннис, тақдим намуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охир бо ғолиби мусобиқа дар миёни духтарони то 16-сола Анастасия Турсунова чанд лаҳза теннисбозӣ намуда, бори дигар дӯстдори воқеӣ ва тарғибгари фаъоли варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар миёни мардум будани худро собит намуд.

Сентябрь 3, 2014 20:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони обхезӣ дар Бразилия аз 70 нафар гузашт
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабр пешгӯӣ мешавад
Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад