Ифтитохи коллеҷи техникӣ — технологӣ
Душанбе, 15.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Дар назди Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҷумҳурӣ нахустин коллеҷи техникӣ — технологӣ таъсис дода шуд. Бартарияти коллеҷи техникӣ — технологӣ дар он аст, ки он мутахассисони барои бозори меҳнат заруриро омода мекунад. Аз ҷумла, аз рўи ихтисосҳои хизматрасонии техникӣ ва таъмири муҳаррикҳои дарунсўз, ташкили ҳамлу нақл ва идораи нақлиёти автомобилӣ, таъминоти барномавии коркарди маълумоти иқтисодӣ ва иттилооти корӣ, ташхис ва назорати муҳосибӣ ва омўзгори дифои ҳарбӣ, ки имрўз ба ин ихтисосҳо хоҷагии халқи ҷумҳурӣ эҳтиёҷ дорад, мутахассис тайёр карда мешавад..
Хусусан ихтисоси омўзгори фанни “Омодагии дифои ҳарбӣ”, ки барои мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зарур мебошад.
Қобили зикр аст, ки тўли ду сол мешавад, ки роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми ватандўстонаеро дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат барои таҷҳизонидани синфхонаҳои «Омодагии дифои ҳарбӣ» дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар пеш гирифтааст.
Дар ин доира бо маблағгузории ташкилот синфхонаҳои «Омодагии дифои ҳарбӣ» бо гўшаву овезаҳои иттилоотӣ ва тарғиботӣ роҷеъ ба муқаррароти адои хизмати ҳарбӣ, қонунгузории соҳаи мудофиа, сохтор ва идораи Қувваҳои Мусаллаҳ, тартиби адои хизмати ҳарбӣ, тавсифномаи силоҳу лавозимоти низомӣ таъмин мешаванд.
Яке аз ҳадафҳои дигари таъсиси коллеҷ дар сохтори ташкилот, ки тамоюли техникӣ дорад, ин бо асосҳои аввалияи техника ва воситаҳои нақлиёти гуногунтамға ошно намудани наврасону ҷавонон, дар вуҷуди онҳо бедор намудани шуълаи майлу рағбат нисбат ба олами пурғановати техникист, ки муҳаррики рушди бомайлони иқтисоди ҳамаи кишварҳои мутараққӣ ба шумор меравад.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






