Имзои шартномаи нав

Сентябрь 11, 2014 12:04

Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои  Азамат). — Яке  аз  натиҷаҳои муҳимтарини ҷаласаи соҳибкорон  ва аҳли тиҷорати  СҲШ, ки  10  сентябр  дар  пойтахти  кишвар  оғоз ёфт,  иборат  аз  гуфтушунид  ва  имзои   шартномаи  байни Корхонаи  воҳиди давлатии ТАЛКО ва  ширкати  General Nice   Investment Limited — и  Чин ба  маблағи  30  миллион  доллари  ИМА  дар  бораи  бунёди  корхонаи  муштарак  оид ба  истеҳсоли блокҳои  катодӣ  буд.
Мақсади  асосии  ҷаласа, ки дар  он  намояндагони  аҳли  тиҷорат  ва молияи  давлатҳои аъзои  созмон ва давлатҳои мушоҳид  ширкат  доранд, иборат  аз вусъат  бахшидани  таваҷҷуҳи  мутақобила ва  густариши   равобити соҳибкорон,  аҳли тиҷорат ва  маблағгузорони  кишварҳои  аъзои  СҲШ мебошад. Ҷаласа  таҳти  шиори «Ҳамкорӣ, рушду  шукуфоии  муштарак» сурат  мегирад. 
Дар  маросими ботантанаи  ифтитоҳи  ҷаласа муовини  сарвазири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Давлаталӣ  Саидов  сухани  табрикӣ  кард.
Раиси  Кумитаи  давлатии  сармоягузорӣ  ва идораи  амволи давлатии  ҶТ Қодири  Қосим  аз ҷониби  Тоҷикистон  дар  бораи  имкониятҳои  сармоягузорӣ дар Тоҷикистон   гузориш  дод.
Дар  ҷаласа  беш  аз 300  нафар соҳибкорони  кишварҳои  аъзои  СҲШ,   ҳамчунин  кишварҳои   мушоҳид  ва  мушорикон аз ҷумлаи Муғулистон,  Ҳиндустон  ва  ғайра  ширкат  доранд.
 

Сентябрь 11, 2014 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад