Имзои шартномаи нав
Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Марҳабои Азамат). — Яке аз натиҷаҳои муҳимтарини ҷаласаи соҳибкорон ва аҳли тиҷорати СҲШ, ки 10 сентябр дар пойтахти кишвар оғоз ёфт, иборат аз гуфтушунид ва имзои шартномаи байни Корхонаи воҳиди давлатии ТАЛКО ва ширкати General Nice Investment Limited — и Чин ба маблағи 30 миллион доллари ИМА дар бораи бунёди корхонаи муштарак оид ба истеҳсоли блокҳои катодӣ буд.
Мақсади асосии ҷаласа, ки дар он намояндагони аҳли тиҷорат ва молияи давлатҳои аъзои созмон ва давлатҳои мушоҳид ширкат доранд, иборат аз вусъат бахшидани таваҷҷуҳи мутақобила ва густариши равобити соҳибкорон, аҳли тиҷорат ва маблағгузорони кишварҳои аъзои СҲШ мебошад. Ҷаласа таҳти шиори «Ҳамкорӣ, рушду шукуфоии муштарак» сурат мегирад.
Дар маросими ботантанаи ифтитоҳи ҷаласа муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов сухани табрикӣ кард.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим аз ҷониби Тоҷикистон дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гузориш дод.
Дар ҷаласа беш аз 300 нафар соҳибкорони кишварҳои аъзои СҲШ, ҳамчунин кишварҳои мушоҳид ва мушорикон аз ҷумлаи Муғулистон, Ҳиндустон ва ғайра ширкат доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид






