Имзои созишномаи грантӣ
Душанбе, 30.09.2014. (АМИТ Ховар, Кристина Эрлих).- 29-уми сентябр дар Вазорати молияи Тоҷикистон маросими имзои Созишномаи грантӣ аз рӯи лоиҳаи Беҳдошти фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон баргузор гардид.
Созишномаро вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов ва ноиби аввали президенти бунёди Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Хидеяки Домичи имзо намуданд.
Дар ҷараёни маросими имзои созишнома зикр шуд ки мақсад аз лоиҳаи мазкур сохтмони терминали бор ва насби таҷҳизоти зарурӣ барои беҳдошти қобилияти коркарди бор дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе мебошад. Лоиҳаи мазкур имкон медиҳад ки қобилияти идора ва қабули ҳавопаймоҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе афзун карда шавад.
Арзиши умумии лоиҳа 18 милиону 800 ҳазор долари ИМА, аз ҷумла қарзи бебозгашт 18 милиону 700 ҳазор долари ИМА ва ҳиссаи Ҳукумати Тоҷикистон 0,17 милион долари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур дар соли 2016 анҷом меёбад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






