Интиқоли ҳоҷиён ба Арабистони Саудӣ ба охир расид

Сентябрь 29, 2014 17:04

Макка, 29.09.2014. (АМИТ “Ховар”,  Мавҷуда Анварӣ).-  Шаби  28-ум ба 29-уми сентябри соли ҷорӣ охирин ҳавопаймое, ки ҳоҷиёни Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мамлакати Арабистони Саудӣ барои адои маносики ҳаҷ интиқол медод, дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ҷидда фуруд омад.
Дар ин бора Афшини Муқим, сардори маркази матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод. 
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯзҳо аъзои гурӯҳи корӣ ва роҳбаладони мавсими «Ҳаҷ-2014» машғули омодасозии хаймаҳо дар водии Мино ва Арафот мебошанд, ки мутобиқи меъёри иҷрои маносики ҳаҷ зойирин чанд рӯзе дар ин маконҳо иқомат хоҳанд дошт.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими ҷорӣ аз кишвари мо беш аз 6 ҳазор нафар барои адои маносики ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафарбар гардид. 
 

Сентябрь 29, 2014 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд