Иштироки Қ. Расулзода дар чорабиниҳои ҷашнии Хуҷанд
Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Имрӯз дар Чойхонаи миллӣ, воқеъ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд 23 -юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд.
Тавре ки аз дафтари матбуоти раиси вилоят хабар доданд, дар чорабинӣ Абдураҳмон Қодирӣ иди истиқлолро ба мардуми шарифи вилоят табрик гуфт. Сипас Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода кулли мардуми вилоятро бо ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт.
Зикр шуд, ки 23 сол муқаддам, 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва мардуми кишвар ин рӯзи саидро ба ҳайси ҷашни умумимиллӣ, иди дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун соҳиби давлати комилҳуқуқ шинохта шудани тоҷикон, иди барқароршавии адолати таърихӣ бо як ҷаҳон ифтихору саодат ва шукргузорӣ таҷлил мекунанд.
Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҳамчунин афзуд, ки мардуми меҳнатқарини кишвар раванди ободкориву созандагиро ба роҳ монда, барои амалӣ шудани ҳадафҳои муҳиму стратегии давлати Тоҷикистон аҳлонаю ғайратмандона саъю талош меварзанд ва ин меҳнати содиқонаву софдилона барои пойдориву ҷовидонагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, мустаҳкам кардани аркони давлати навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва баланд бардоштани мақому обрӯи Тоҷикистони азиз равона шудааст.
Ҳамчунин Қоҳир Расулзода дар чорабинии мазкур ба як гурӯҳ пешқадамони соҳаҳои гуногун мукофотҳои давлатиро супорид, аз ҷумла Усто Устопиров бо ордени «Шараф», дараҷаи II, Файзулло Авезов, Ҳакимбой Азизбоев, Соро Ёдгорова, Маҳмадсабур Ёқубов, Пир Пиров ва Фотима Шоева бо медали Хизмати шоиста, Александр Бахтин ва Муаззам Ҳодибоева бо медали «Шафқат», Расул Бобоев ва Мирзоанвар Аҳмедов бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






