Иштироки А. Қодирӣ дар семинари вилоятӣ

Сентябрь 11, 2014 11:27

Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Дирӯз дар ноҳияи Ҷаббор Расулов вобаста ба баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи тухмиҳои наву серҳосил, ҷамъоварии беталафи тиллои сафед ва сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ, сарфаи оқилона ва тақсимоти дурусти об, нигаҳдории меваю сабзавот ва дигар зироатҳои кишоварзӣ бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ семинари вилоятӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят гуфт, ки мо бояд беҳтарин навъи тухмиҳоро ба вилоят ворид сохта, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро бамаротиб боло бардорем.
Гуфта мешавад, ки дар шаҳру навоҳии вилоят Ассотсиатсияи истифодабарандагони об ташкил шуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ хизмат мерасонад. Вазифаи асосии ин ассотсиатсияҳо тақсимот ва дастрасии саривақтии деҳқонон ба об мебошад. Намунаи фаъолияти Ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Чашма-2014»- и ноҳия пешкаши иштирокдорони семинар гардид. Ин ассотсиатсия майдони умумии 1365 гектаррро обёрӣ намуда, бо ин мақсад дар назди замини ҳар як хоҷагии деҳқонӣ дарвоза ва обченкунак насб шудааст, ки бо ин васила метавон ҷараёни интиқоли обро назорат намуд ва истифодаи онро ҳисобу китоб кард. Сарвари вилоят  ба ҳозирин дастур дод, то дар тамоми шахру навоҳии вилоят фаъолияти ассостсиасияхои истифодабарандагои об бо чунин тарз ба роҳ монда шавад.

Сентябрь 11, 2014 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст