Иштироки корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон дар “Текстиллегпром”

Сентябрь 23, 2014 15:26

Душанбе, 23.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистон аз 23-юм то 26-уми сентябри соли равон дар бузургтарин намоишгоҳи байналмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федератсияи Русия-намоишгоҳи “Текстиллегпром” дар шаҳри Маскав иштирок мекунанд. 
Тавре ки дар ин бора аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) хабар доданд, корхонаҳои Тоҷикистон бори чаҳорум аст, ки пай дар пай меҳмони намоишгоҳи байналмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федератсияи Русия мебошад, мегарданд. Дар ин намоишгоҳ Тоҷикистонро 13 корхона бо маҳсулоти хеш муаррифӣ  мекунанд. 
Гуфта мешавад, ки дар намоишгоҳ корхонаҳои нассоҷиву дӯзандагии «Лидер», “Нассоҷии Хуҷанд”, «Нафиса», «Неку Хуҷанд», «Ноҳид», “Олим Текстайл”, «Ортекс», «Раҳимов А.А.», «Ресандаи Қурғонтеппа», «Текстил Сити», «Тента Кӯлоб», “Файзи истиқлол-2011” ва “Фирӯз” иштирок доранд. 
Ёдрас мешавем, ки “Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 35 ҳазор нафар мерасад. Бино ба гуфтаи Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари МТБ дар Тоҷикистон, намоишгоҳи мазкур пас аз таҳлили амиқи таъсири эҳтимолии мусбати он ба фаъолияти корхонаҳои Тоҷикистон аз нигоҳи замон ва макони баргузорӣ интихоб гардидааст. 
 

Сентябрь 23, 2014 15:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст