Истиқболи Рӯзи дониш дар ДМИТ
Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи дониш, ки дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, аз ҷониби устодону донишҷӯён, кормандони донишкада ва меҳмонон аз тариқи телевизион шунида шуд.Тавре ки котиби матбуоти донишкада Машҳура Абдуллоева иттилоъ дод, баъдан ба ифтихори Рӯзи дониш бо иштироки муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадова ва директори Маркази таҳия ва нашри китобҳои дарсии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Комил Исоев ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа ректори донишкада Ашурбой Солиев устодону донишҷӯёнро бо соли нави хониш муборакбод намуда, иброз дошт, ки баргузории Рӯзи дониш дар сатҳи умумимиллӣ далели ғамхориҳои пайваста ва ҳусни таваҷҷуҳи баланди Сарвари давлат ба илму маориф, донишу маърифат ва такя ба зиёиёну донишҷӯён мебошад, зеро воқеан, давлате, ки ба илму дониш ғамхорӣ зоҳир менамояд, давлати ояндадор ва тавонову соҳибтамаддун хоҳад гардид. Муовини вазири молия Меҳринамо Ҷонмаҳмадова гуфт, ки рушди тамоми соҳаҳои мамлакат ба маориф вобаста аст ва ӯ аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки аз шароитҳои беҳтарин ва устодони варзидаи ин донишкада истифода бурда, хубу аъло таҳсил намоянд ва мутахассиси касбии соҳаи молия ва иқтисод шаванд.Пас аз анҷоми ҷаласа меҳмонон аз бинои нави таълимӣ, ки барои факултаҳои менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, дидан карданд.Бинои мазкур аз 24 утоқи корӣ, 34 синфхона, 2 синфхонаи компютерӣ , 1 маркази тестӣ , 1толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ иборат аст. Меҳмонон ба корҳои сохтмонӣ ва ташкилӣ баҳои баланд доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






