Истиқлолият ва Суруди миллӣ — ифтихори Тоҷикистон
Душанбе, 8.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба 23 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 — солагии Суруди миллӣ таҳти унвони «Истиқлолият ва Суруди миллӣ — ифтихори Тоҷикистон» конфронси илмӣ — амалӣ доир гардид.
Тавре ки дар ин бора хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст, зимни суханронӣ ректори ДДХ Ғ. Усмонов изҳор дошт, ки Истиқлолият ва Суруди миллӣ аз мафҳумҳои арзишноктарини миллати тоҷик эътироф гардида, мояи ифтихор ва сарбаландӣ аст. Дар конфронс ҳамчунин таъкид гардид, ки дастоварди пурарзиши замони соҳибистиқлолии кишвар барқарорсозӣ ва ташкили заминаҳои бунёдии соҳаи илму маориф, аз ҷумла навсозии инфрасохтори соҳа, ба раванди таълиму тарбия ворид намудани технологияҳои муосир ва ҷорӣ кардани шаклу усулҳои замонавӣ, инчунин омодасозии кадрҳо маҳсуб меёбад.
Ҳамзамон профессорон Абдуҷалил Бобокалонов ва Усмонҷон Ғаффоров дар мавзӯъҳои «Президент Эмомалӣ Раҳмон — поягузори сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Аз таърихи таҳияи Суруди миллии Тоҷикистон» сухан гуфтанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст






