Изҳори нигаронии Э. Раҳмон аз ҷинояткории ҷавонон

Сентябрь 1, 2014 16:00

 
Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас Темурзода).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар  Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки яке аз масъалаҳои доғи имрӯз, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ба равияҳои экстремистии динӣ гаравидани баъзе ҷавонон ва наврасон мебошад.
«Гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок, ба қочоқ ё фурӯши маводи мухаддир даст задани онҳо, қонуншиканӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва тақлид ба расму ойин ва тарзи либоспӯшии барои мардуми мо бегона омилҳое мебошанд, ки насли наврасро аз асолати милливу суннатӣ дур месозанд.
Рафтору гуфтори ҷавонон дар миёни ҷомеа ва бетарафии ҷомеаро нисбат ба ин раванд наметавон кори дуруст ҳисобид.
Бетарафӣ хиёнат аст ва ҳар як шаҳрванд масъулияти баланди шаҳрвандияшро дар бобати ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли наврас ва ҷавонон бояд зоҳир намояд.
Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз беаҳамиятии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ истифода карда, равияву ҷараёнҳои тундраву ифротгаро ҷавонону наврасони ноогоҳро ба доми худ мекашанд, ки ин оқибати хуб надорад.
Бинобар ин, аз шумо омӯзгорону устодони муҳтарам, ки ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии насли наврас ва пешбарандаи маърифати ҷомеа ҳастед, тақозо мегардад, ки насли наврасро ба роҳи рост ва омӯхтани илму дониш ҳидоят намоед», — таъкид кард Сарвари давлат.
 

Сентябрь 1, 2014 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад