Изҳори нигаронии Э. Раҳмон аз ҷинояткории ҷавонон
Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар, Муқаддас Темурзода).-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда гуфт, ки яке аз масъалаҳои доғи имрӯз, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, ба равияҳои экстремистии динӣ гаравидани баъзе ҷавонон ва наврасон мебошад.
«Гаравиши ҷавонон ба ҳаракату равияҳои бегонаву хатарнок, ба қочоқ ё фурӯши маводи мухаддир даст задани онҳо, қонуншиканӣ, шомил шудан ба гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва тақлид ба расму ойин ва тарзи либоспӯшии барои мардуми мо бегона омилҳое мебошанд, ки насли наврасро аз асолати милливу суннатӣ дур месозанд.
Рафтору гуфтори ҷавонон дар миёни ҷомеа ва бетарафии ҷомеаро нисбат ба ин раванд наметавон кори дуруст ҳисобид.
Бетарафӣ хиёнат аст ва ҳар як шаҳрванд масъулияти баланди шаҳрвандияшро дар бобати ба роҳи дуруст ҳидоят намудани насли наврас ва ҷавонон бояд зоҳир намояд.
Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз беаҳамиятии баъзе роҳбарони муассисаҳои таълимӣ истифода карда, равияву ҷараёнҳои тундраву ифротгаро ҷавонону наврасони ноогоҳро ба доми худ мекашанд, ки ин оқибати хуб надорад.
Бинобар ин, аз шумо омӯзгорону устодони муҳтарам, ки ташаккулдиҳандаи ҷаҳонбинии насли наврас ва пешбарандаи маърифати ҷомеа ҳастед, тақозо мегардад, ки насли наврасро ба роҳи рост ва омӯхтани илму дониш ҳидоят намоед», — таъкид кард Сарвари давлат.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






