Изҳороти Д.Мезентсев
Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова). — «Сарвазирони кишварҳоямон дар яке аз ҷаласаҳои охирини сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳороти махсус қабул намуданд, ки дар он аҳамияти махсуси таъсис додани Бонки рушди СҲШ ва суратҳисоби махсуси Созмон зикр ёфта буд», — гуфт зимни суханронии табрикотиаш дар ҳузури иштирокдорони ҷаласаи соҳибкорон ва аҳли тиҷорати CҲШ Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Дмитрий Мезентсев.
Ёдовар мешавем, ки 10 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмонии ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ҷаласаи соҳибкорон ва аҳли тиҷорати созмони мазкур баргузор гардид.
11 ва 12 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардида, аз рӯи натиҷаи он ҳуҷҷатҳои таърихӣ перомуни афзун намудани аъзои Созмон қабул карда мешаванд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






