Изҳороти Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот аз рӯи ҷамьбасти ҳамоиши СҲШ

Сентябрь 12, 2014 14:21

 
Муҳтарам  намояндагони  васоити   ахбори омма, 
Хонумҳо ва  ҷанобон,
Ҷаласаи  навбатии  Шӯрои  сарони давлатҳои аъзои  СҲШ  дар  руҳияи созандагӣ ва ҳамфикрӣ доир шуд, ки ин хоси ҳамоишҳои Созмони  мост. 
Дар  ҷаласаи   олимақоми  сарони  давлатҳои  аъзои  СҲШ, давлатҳои  нозир ва  роҳбарони  ҳайатҳо,  меҳмони  фахрии  Раиси Созмон – Президенти  Туркманистон,  намояндагони як қатор созмонҳои  байналмилалию  минтақавӣ  ширкат  доштанд. 
Мехоҳам ба  ҳамаи  онҳо  барои  иштироки  фаъолонаашон  дар  кори  ҳамоиш, барои  баён  намудани андешаҳои   нав  ва  фикрҳои ҷолиб   миннатдории  самимона ва сипоси  бузург  иброз  дорам.
Мо  аз рӯи  масоили  вазъу дурнамои  ҳамкорӣ дар доираи созмон, проблемаҳои  мубрами   дорои  хусусияти ҷаҳонию минтақавӣ табодули  муфассал,  мутақобилан  муфид  ва  ошкорои  афкор   намудем. 
Имрӯз мо аз рӯи натиҷаи ҷаласаҳо  дар  бораи  уҳдадориҳои  давлатии дархосткунандаи мақоми  давлати  узв  ва  Тартиби  додани  мақоми  давлати  узви  СҲШ  таҳрири  нави Ёддошти  намунавиро тасдиқ  намуда, саҳифаи  нави  солномаи  фаъолияти  Созмонамонро  кушодем. Чунин  иқдом, ки  мақсад  аз  он васеъ  намудани СҲШ мебошад, обрӯи  байналмилалии Созмонамонро, ки ҷолибияташ  сол то  сол меафзояд,  бешубҳа,  баланд  мебардорад.
Ҳамаи  ин  аз  он  шаҳодат  медиҳад, ки имконои  СҲШ  бузург  аст ва вазифаи дастаҷамъии  мо  аз истифодаи  пурраи  он  ба нафъи  халқҳои  давлатҳои  иштироккунанда  иборат  мебошад. 
Мо  ба Шӯрои  вазирони   корҳои  хориҷии  давлатҳои  аъзои  СҲШ   супориш  додем, ки  то  моҳи  июни  соли 2015 корро  оид ба мувофиқа  намудани лоиҳаи Стратегияи   рушди  Созмони  ҳамкории  Шанхай  то  соли  ду  ҳазору бисту  панҷум  анҷом  дода, онро  барои  баррасӣ ба  ҷаласаи   навбатии  Шӯрои   сарони давлатҳои  аъзо пешниҳод  кунад. Бо  қабули он марҳилаи аслан  нави   таърихи  кунунии Созмон  оғоз  меёбад. 
Вай  аз бисёр  ҷиҳат  бо  дурнамои  пешоянди  қабули  аъзои  нав  ба  СҲШ алоқаманд  хоҳад  буд. Мо,  аслан,  дар  марҳилаи    на фақат  афзоиши миқдорӣ,  балки рушди  сифатии  Созмон  қарор  дорем. 
Сарони давлатҳо   зарурати  омодагии   пурраи   ҳама,  аз  ҷумла  Котиботи  СҲШ – ро ба  ин  воқеаи  муҳим  таъкид  намуданд.
Созмони  мо  дар   вазъияти   нав ва тағйирпазирии  босуръати    байналмилалӣ  вазифадор  аст, ки  маҳорати  зуд мутобиқшавиро нишон  дода, ба  вазифаи  мураккаби ҳифзи  ҷиҳати пойдории  сулҳу  суботи минтақа фавран эътинод  карда,  ба рушду  шукуфоии  муштарак мусоидат  намояд. 
Мо  аз  ин  ҷиҳат   натиҷаи  мулоқоти  дар  Минск  баргузоршудаи ҷонибҳои  манфиатдорро  аз рӯи  масъалаи  танзими  вазъияти   шарқи  Украина, ки бар   иҷрои  нақшаи Президенти  Украина  ва  ибтикороти  Президенти  Россия  асос  меёбад  ва  мақсад  аз  он  ҳалли сулҳомези ин  проблемаи   мушкил аст,   маъқул  мешуморем. 
Вазъияти  Афғонистон  низ  боиси  ташвиши  мост.
Бо  назардошти  давлати   нозири  СҲШ  будани  Афғонистон   изҳори  ақида  шуд, ки  бояд  саъю  кӯшишҳои  якҷояамонро  барои   расонидани  ёрӣ ба  ин  кишвар,  аз ҷумла  тавассути  низоми  СММ,    дучанд  карда, ин кишварро   ба  лоиҳаҳои  СҲШ  фаъолонатар  ҷалб  намоем. 
Ҷониби  Тоҷикистон  ҳамчунин пешниҳод  намуд, ки  барои  Афғонистон  чунин  барномаи  махсуси  СҲШ тарҳрезӣ  шавад, ки бар  ивази  гурӯҳи равобитии  СҲШ – Афғонистон  амал  карда  тавонад. 
Созмони  ҳамкории  Шанхай    дар  бораи  фаъолияташ  дар  соли гузашта  гуфтаниҳо дорад, ки  гузоришҳои  Дабири  кул ва  роҳбари  Сохтори   зиддитеррористии   минтақавии  Созмон аз ин хусус  буданд. Пеш  аз  ҳама таҳкими   минбаъдаи ҳамкориро дар  муборизаи  фаъоли  зидди  «се офат», гардиши ғайриқонунии  маводи  мухаддир ва  ҷинояткории  трансмиллӣ, аз  ҷумла киберҷиноят бояд   қайд  намуд. 
Пешравӣ дар  самтҳои тиҷоратию  иқтисодӣ, фарҳангию  гуманитарии ҳамкорӣ аён  аст. Дар  фаъолияти  Созмон,  аз ҷумла дар  бахши кор  бо  ҷавонон   бисёр  унсурҳои  нав  пайдо шудаанд.   Дар  ин  боб  тасмими   имрӯзаи  Шӯрои   сарони  давлатҳо  дар  бораи  соли  оянда дар  давлатҳои  аъзои  СҲШ  роҳандозӣ  намудани  чорабиниҳо барои  таҷлили   ҷашни Ғалаба,  ҳамчунин  воқеаҳои   хотиравии Ҷанги дуюми  ҷаҳон  бо  иштироки  табақаҳои  васеи  аҳолӣ  ва  ҷалби  васоити  ахбори омма  аҳамияти  бузург  дорад.
Дар ҳамоиш дар бораи ба Федератсияи  Россия гузаштани раисӣ  дар СҲШ  ва  дар  шаҳри Уфаи  Россия  доир  намудани ҷаласаи баъдинаи Шӯрои  сарони   давлатҳои  созмон қарор қабул  шуд. Мо ҳамтоёни   россиягиамонро  табрик  мегӯем ва ба онҳо  муваффақиятҳои  бепоёнро таманно  мекунем. Ҷумҳурии  Тоҷикистон  раисии Россияро  ҳамаҷониба дастгирӣ  менамояд. 
Мо  аз  кори  дар  ҳамоиши  Душанбе  анҷомёфта изҳори  қаноатмандӣ  карда,  умедворем, ки  қарорҳои дар  он  қабулшуда ба  таҳкиму  рушди  минбаъдаи ҳамкории  бисёрҷонибаамон  ва  баланд  гардидани  обрӯи  СҲШ дар  арсаи  ҷаҳон  мусоидат  менамояд.
 
 

Сентябрь 12, 2014 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
Имсол корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба дарозии беш аз 36 ҳазор метр гузаронида мешаванд
«ТАРАННУМИ ВАТАН». Озмуни ҷумҳуриявӣ ҳисси ватандӯстии ҷавононро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад