Изҳороти матбуотии Эмомалӣ Раҳмон пас аз имзои санадҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Эрон

Сентябрь 10, 2014 14:19

10.09.2014, шаҳри Душанбе Намояндагони муҳтарами васоити ахбори умум,Хонумҳо ва ҷанобон,Дӯстони гиромӣ,Имрӯз мо бо Раиси муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷаноби Олӣ доктор Ҳасани Рӯҳонӣ муколамаи сиёсии байнидавлатии сатҳи олиро дар чаҳорчӯбаи сафари расмӣ идома додем.Музокирот, ки ба дарёфти роҳу усулҳои нави рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунарса ва ба мавзӯи вазъи иҷрои аҳду паймонҳои қаблӣ ихтисос дошт, барои ҳар ду ҷониб хеле муфид буд.Аз рӯи ҷамъбасти музокирот санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд.Бояд зикр кард, ки то имрӯз байни Тоҷикистону Эрон зиёда аз 100 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки ҳоло мавзӯи иҷрои муассири онҳо масъалаи хеле муҳим ва пураҳаммият шудааст.Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки бахши равобити иқтисодӣ пойдевори муносибатҳои ҳамкории гуногунҷанбаи дуҷониба буда, тасвиби як Барномаи мукаммали густариши дарозмуҳлати ҳамкориҳо ба онҳо хислати муназзам бахшида метавонист.Ҳар ду ҷониб минбаъд низ фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳоро ҳамаҷониба пуштибонӣ ва ташвиқ хоҳанд кард, зеро он дар тӯли фаъолияти худ ва тавассути ҷаласаҳои баргузоркардааш на фақат ба механизми фаъол барои назорат аз болои иҷрои созишномаҳои дуҷонибаи қаблан имзошуда, балки ҳамчунин ба василаи муносиби муайян намудани соҳаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мубаддал гаштааст.Ҷумҳурии Исломии Эрон ба татбиқи амалии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва бунёд кардани неругоҳҳои барқи обии Тоҷикистон, ки ба рушди минтақа низ таъсири мусбат доранд, мусоидат намуда, дар арсаҳои афзалиятнок таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштаракро дар Тоҷикистон, ташвиқу пуштибонӣ менамояд.Мо аз он қаноатмандем, ки таи 10 соли ахир ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистону Эрон панҷ маротиба зиёд шуда, танҳо дар зарфи 5-7 соли ахир сармоягузориҳои мустақими эронӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба маротиб афзудаанд.Мо ба шарикони эронии худ пешниҳод намудем, ки нисбат ба масъалаи рафъи монеаҳои техникӣ дар роҳи пешбурди тиҷорати дуҷониба ва такмили сохтори он, якҷоя бо мо, тадбирҷӯӣ намоянд. Дар ин гуфтушунидҳо муҳиму зарур дониста шуд, ки робитаҳои ҳамкории байни утоқҳои бозаргонӣ ва саноатӣ ва мақомоти марбутаи рушди соҳибкории ҳар ду кишвар вусъат дода шаванд.Дар ҷараёни музокирот таъкид гардид, ки густаришу таҳкими муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эрон ба раванди сулҳу субот ва рушди устувор дар минтақа хизмат кардааст ва минбаъд низ мусоидат хоҳад намуд.Ҳангоми баррасии мавзуъоти минтақавӣ масоили Афғонистон ҷойгоҳи хоссае дошт. Мо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал меоварем, то ба раванди бозсозӣ ва рушди иқтисодиёти Афғонистони ҳамҷавор, фаъолона мадад намояд.Ҷонибҳо масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳро низ, ки хислати дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ доранд, дар фазои дӯстона ва созанда мавриди табодули афкор қарор доданд.Итминони комил дорам, ки бо саъю талоши муштарак мо қодирем ҳамшарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро бомуваффақият идома дода, муносибатҳои воқеан бародаронаи кишварҳову мардумонамонро ба зинаҳои баландтар бирасонем.

Сентябрь 10, 2014 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!