Кароматулло Олимов 70-сола шуд
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Ҷашни 70-солагии ходими давлатӣ, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳо, профессор Кароматулло Олимов дар толори Қасри фарҳанги ба номи Раҳмон Маҳмудови шаҳри Истаравшан баргузор гардид.
К. Олимов 27 -уми июли соли 1944 дар шаҳри Ӯротеппа, ҳозира Истаравшан дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. То имрӯз беш аз 350 асару мақола ба табъ расонда, муаллифи чандин китоб мебошад. Таълифоти илмии мавсуф чун «Ҷаҳонбинии Саноӣ», «Тасаввуфи Хуросон», «Баррасиҳо дар тасаввуф», «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ» ва амсоли онҳо аз ҷониби аҳли тадқиқ ва мутахассисон хуш пазируфта шудаанд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти вилояти Суғд, раиси шаҳри Истаравшан Иброҳим Абдуллозода мавсуфро бо ин рӯзи муборак шодбош гуфта, таъкид кард, ки профессор Кароматулло Олимов аз олимони сермаҳсул ва шинохтаи ҷумҳурӣ буда, аҳли илму адаби ҷумҳурӣ ва хориҷ ӯро чун инсони асилу донишманди фозил, муҳаққиқ, файласуфи борикбин ва сиёсатмадори варзида ба хубӣ мешиносанд.
Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев, муовини АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумар Одинаев, ректори донишкадаи забонҳо Хуршед Зиёев, доктори илми фалсафа, профессор, аъзо-корреспонденти АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев ва дигарон аз фаъолияти Кароматулло Олимов сухан гуфтанд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






