Кароматулло Олимов 70-сола шуд

Сентябрь 25, 2014 11:17

Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Ҷашни 70-солагии ходими давлатӣ, Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳо, профессор Кароматулло Олимов дар толори Қасри фарҳанги ба номи Раҳмон Маҳмудови шаҳри Истаравшан баргузор гардид.
К. Олимов 27 -уми июли соли 1944 дар шаҳри Ӯротеппа, ҳозира Истаравшан дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. То имрӯз беш аз 350 асару мақола ба табъ расонда, муаллифи чандин китоб мебошад. Таълифоти илмии мавсуф чун «Ҷаҳонбинии Саноӣ», «Тасаввуфи Хуросон», «Баррасиҳо дар тасаввуф», «Истиқлолияти давлатӣ ва худшиносии миллӣ» ва амсоли онҳо аз ҷониби аҳли тадқиқ ва мутахассисон хуш пазируфта шудаанд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти вилояти Суғд, раиси шаҳри Истаравшан Иброҳим Абдуллозода мавсуфро бо ин рӯзи муборак шодбош гуфта, таъкид кард, ки профессор Кароматулло Олимов аз олимони сермаҳсул ва шинохтаи ҷумҳурӣ буда,  аҳли илму адаби ҷумҳурӣ ва хориҷ ӯро чун инсони асилу донишманди фозил, муҳаққиқ, файласуфи борикбин ва сиёсатмадори варзида ба хубӣ мешиносанд.
Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Сайдулло Хайруллоев, муовини АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидумар Одинаев, ректори донишкадаи забонҳо Хуршед Зиёев, доктори илми фалсафа, профессор, аъзо-корреспонденти АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев ва дигарон аз фаъолияти Кароматулло Олимов сухан гуфтанд.

Сентябрь 25, 2014 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд