Корхонаи нуриҳои минералӣ бунёд мешавад
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва ширкати «Синсян Жонтай Синилу Нонией Инвест» — и Чин Ёддошт дар бораи ҳамкорӣ барои бунёди корхонаҳои тавлиди нуриҳои минералӣ ва фосфор дар Тоҷикистонро имзо намуданд.
Тавре ки аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мутобиқи лоиҳа иқтидори корхонаҳои зикршуда 300 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ва 150 ҳазор тогнна фосфор дар як солро ташкил медиҳад. Корхонаҳои зикршуда ба ҳайси сӯзишворӣ ангиштро истифода менамоянд.
Назар ба гуфтаи манбаъ, ҷонибҳо барои оғози татбиқи лоиҳа вақтҳои наздиктарин созишномаи дахлдорро ба имзо мерасонанд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






