Курси омӯзишӣ барои безараргардонии асбобҳои тарканда
Душанбе, 29.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Чанде пеш дар шаҳри Душанбе курси даҳрӯзаи омӯзишии минтақавӣ барои безараргардонии асбобҳои тарканда анҷом ёфт. Дар ин бора аз дафтари Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар чорабинии мазкур, ки бо ибтикори дафтари САҲА дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд, 20 нафар омӯзандагони Тоҷикистону Афғонистон иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки омӯзандагони курси омӯзишӣ баъди анҷоми барнома шаҳодатномаҳои махсус ба даст меоранд.
Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо сар аз соли 2009 барои тарҳрезии усулҳои ҳамкории байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба асбобҳои тарканда ёрии техникӣ мерасонад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






