«Мақолаи беҳтарин» қадрдонӣ шуд
Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Мақолаи пешниҳоднамудаи узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ, доктори илми филология, профессор Додихудо Саймиддинов таҳти унвони «Танзим ва ташхиси истилоҳот дар мисоли як намуна аз вожаи форсӣ-тоҷикӣ» дар озмуни «Мақолаи беҳтарин», ки Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ аз 8-уми июл то 3-юми сентябр эълон карда буд, ҷойи аввалро ишғол намуда, аз ҷониби сарпараст-намояндаи «Тоҷиксодиротбонк» ба маблағи 1500 сомонӣ қадрдонӣ шуд.
Мақоми дуюмро доктори илми филология, профессор Назрӣ Офаридаев-ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ барои мақолаи «Оид ба рақобати истилоҳоти миллӣ ва байналмилалӣ» сазовор гардид. Сарпарасти ҷойи дуюм, ки Кумитаи забон ва истилоҳот буд, аз ҷониби намояндааш маблағи 1000 сомониро ба ғолиб супорид.
Зинаи сеюмро маводи навиштаи Озода Кенҷаева аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб -«Шоҳнома ва рушди истилоҳоти забони тоҷикӣ» касб намуд. Барои мақоми сеюм, ки 500 сомонӣ муқаррар шуда буд, аз ҷониби намояндаи «Амонатбонк» тақдим гардид.
Ғолибон зимни баргузории конфронси ҷумҳуриявии илмии «Забони давлатӣ ва рушди истилоҳот» қадрдонӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки мақсад аз эълони озмун ҷалби бештари олимон ба таҳлили воқеии вазъи истилоҳоти забони илми муосир ва баланд бардоштани нуфузу эътибори забони давлатӣ мебошад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






