Маҳфили мавлавихонӣ дар ИНТ

Сентябрь 30, 2014 16:08

Душанбе, 30.09.2014. («АМИТ Ховар», Ҳотами Шариф).- Дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон  ба муносибати зодрӯзи бузургтарин шоири форсизабони дунё Мавлоно  Ҷалолиддини Балхӣ маҳфили бошукӯҳи мавлавихонӣ  доир  гардид. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Одинаева ва муовини  раиси  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шоир Камол  Насрулло оғоз карда,  шоирон Гулназар  ва  Абдуқодири Раҳим  дар  бораи  ҳаёту эҷодиёти  ибратбахши  Мавлои Рум  сухан гуфтанд.
Ширкати  ҳунармандон, овозхонони  мумтоз аз  қабили Парда Қосим, Фурқати Саид, Қурбонали Раҳмон, Убайдуллоҳи Каромат, Карими Назар ва  дигарон маҳфили адабиро  шавқовар, хотирмон  ва  фаромӯшнопазир сохт. 
Дар ҷамъомад  аҳли илму фарҳанг, толибилмон аз  ноҳияҳои Ҳисор, Ваҳдат ва шаҳри Душанбе ширкат доштанд.  Афкору андешаҳои ҷолиби  Мавлоно Ҷалолиддини  Балхӣ, ки  дар  ашъори шӯрангезу ҷовидонии ӯ сабт ёфта, дили ҳазорон шефтагони илму адабро тасхир  кардааст, аз  садсола то  садҳо соли дигар теъдои дӯстдорони каломи ӯро  афзун  мекунанд.
 

Сентябрь 30, 2014 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад