Маблағгузории ташкилоти Олмон ба соҳаи саноати Тоҷикистон

Сентябрь 27, 2014 11:45

Душанбе, 27.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Вазири  саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо  намояндаи Ташкилоти маблағгузорӣ  ва рушди ҳамкориҳои Олмон (КФВ) Кристин Лаабс — мудири Бонки Рушди КФВ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 октябр мулоқот кард.
Зимни мулоқот  ҷонибҳо масоили маблағгузорӣ   дар соҳаи  саноати маъданҳои кӯҳӣ,  соҳаи саноати сабук ва нассоҷиро мавриди баррасӣ қарор  доданд.
Тавре ки аз котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд,  татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок мавриди тавааҷҷуҳи ҳарду  ҷониб қарор гирифта,  ҷонибҳо талош меварзанд, то ҷиҳати амалисозии онҳо иқдом сурат бигирад.
Ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохўрӣ ва ҳамкориҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки чунин ҳамкориҳо ба манфиати мутақобилан судманди ҷонибҳо хоҳад буд.

Сентябрь 27, 2014 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд