“Маркази фарҳангии тоҷикон” дар Шоҳигарии Нидерланд
Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар шаҳри Роттердами Шоҳигарии Нидерланд бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд аз ҷониби ҷамъияти тоҷик «Маркази фарҳангии тоҷикон» ифтитоҳ ёфта, Абдуғаффор Сафаров раиси он интихоб гардид.
Зимни ифтитоҳи марказ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Нидерланд Рустамҷон Солиев ба меҳмонон дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, иқтидори иқтисодӣ, гидроэнергетикӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ, кишоварзӣ ва сайёҳии кишвар маълумот дод.
Қобили зикр аст, ки дар Маркази фарҳангӣ доираи васеи адабиёт дар мавзӯъҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, илмӣ-оммавӣ ва тасвирӣ, ки аз ҷониби Намояндагии дипломатӣ тақдим гардидааст, мавриди тамошо ва истифода қарор дорад.
Ҳамзамон сомонаи расмии Маркази фарҳангӣ таҳти суроғаи www.tajcc.com дар истифода қарор дод/








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






