Машварати корӣ дар ҳузури Сарвари Давлат

Сентябрь 15, 2014 10:50

 
Душанбе, 15.09.2014 (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Сарвазир ва муовинони ӯ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ ва масъулони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили омодагӣ ба зимистон ва вусъат додани корҳои кишоварзӣ баррасӣ шуд.
Дар назди масъулин доир ба омода кардани тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, захираи маводи ғизоию сӯзишворӣ, омодасозии шабакаҳои барқӣ, нақлиётӣ ва дигар зербинои коммуникатсионӣ ва ҳамчунин оид ба ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, тайёрӣ ба кишти тирамоҳию барвақтӣ, афзун намудани шумораи гармхонаҳои сабзавоткорӣ ва анҷом додани дигар корҳои таъхирнопазир вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Таъкид гардид, ки корҳои омодагӣ ба зимистон бояд ҷиддӣ, саривақт ва босифат анҷом дода шаванд.
Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки майдони кишти картошка, пиёз ва дигар сабзавоти барвақтӣ бояд афзун карда шавад, зеро талабот ба ин маҳсулот дар бозори дохил ва хориҷи кишвар хеле афзудааст.
Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
 

Сентябрь 15, 2014 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд